Дар Тоҷикистон кӣ Биткоин дорад?


Дар ҳоле, ки шумораи дорандагони асъори маҷозӣ дар ҷаҳон ва ҳам Тоҷикистон мушаххас нест, аз назари баррасии мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба доштани пул ё крипто-валюта алоқамандӣ зоҳир мекунанд. Маҳз маҷозӣ ё пасипардагӣ будани ҷараёни эмиссияи он, додугирифтҳои беназорат ва хусусӣ бархе корбарони интернет аз Тоҷикистонро ба доштани пулҳои маҷозӣ дилгарм мекунад.

А.С як сокини шаҳри Хуҷанд, ки таҷрибаи хариду фурӯши “Bitcoin”-ро дорад мегӯяд, дар Тоҷикистон тиҷорати интернетӣ чандон рушд карда нест ва бинобар ин бо Bitcoin дар маҳдудаи кившар муомила кардан душвор аст. Аммо ин ҳамсуҳбати мо гуфт, бинобар боло рафтани қурби Bitcoin, ӯ онро бо нархи калонтар фурӯхт ва аз ин роҳ даромад ба даст овард.

Вале шумори умумии дорандагони ин навъи асъори маҷозиро касе дақиқ гуфта наметавонад.

Поделиться в соцсетях

Facebook Twitter Google+ Vkontakte Odnoklassniki

Комментариев нет:

Отправить комментарий