БМ Тоҷикистон дар бораи Биткоин чи мегӯяд?


Бонки миллии Тоҷикистон бори нахуст мавқеи расмии худро дар марвиди Bitcoin  ва ё крипто-асъор баён кард.

Бонки миллӣ дар як посухи касбӣ ба Радиои Озодӣ ва АМИТ Ховар рӯзи 15 январ дар мавриди Bitcoin гуфт, ҳамаи доду гирифт тавассути ин асъори маҷозӣ ба таври ниҳонӣ ва ё анонимӣ сурат мегирад ва ин ҳолат “хатар ва хавфи иҷрои амалиётҳои марбут ба маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ва дигар амалиётҳои молиявии ғайриқонуниро зиёд мекунад”.
Чун, ба гуфтаи Бонки миллӣ, амалиётҳо бо крипто-валютаи Bitcoin бидуни бонкҳо бевоиста миёни дорандагони он сурат мегирад. Ин ҳолат, ба навиштаи Бонки миллӣ, хатарро дар пай дорад. Барои мисол, Бонки миллӣ гуфтааст, дар интернет ҳолатҳое буд, ки фурӯши маводи психотропӣ ва маводи нашъадор тавассути Bitcoin ҷой дошт.
Аз сӯи дигар, Бонки миллӣ дар робита ба ба Bitcoin мегӯяд, “қурби Bitcoin ноустувор буда” зиёд болову поин меправад ва “характери ҳаннотӣ- спекулиятивӣ дорад. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ бо такя ба гуфтаи коршиносон тавсия медиҳад, ки ҳангоми харидорӣ аз Bitcoin аз эҳтиёт кор бигиранд.
Мақомот таъкид мекунанд, ки Bitcoin дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва бинобар ин, ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – Сомонӣ сурат мегиранд.

Поделиться в соцсетях

Facebook Twitter Google+ Vkontakte Odnoklassniki

Комментариев нет:

Отправить комментарий