Интернет чи гуна пайдо шудааст?


Оё ягон бор фикр кардаед, ки интернет кай, чи гуна ва дар куҷо пайдо шудааст? Оё аз таърихи пайдоиши интернет бохабар ҳастед? Агар, не пас ин мақола барои шумост. 


            Таърихи интернет аз солҳои 1969-1970 оғоз мегардад ,ки ҳанўз қабл Вазорати мудофиаи
ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади
 дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани
 шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб
 фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер
 метавонист бо компютери дигар пайваст шавад. 
            Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмўъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори Ҳисоббарорӣ, ба монанди Ethernet ва ғайраҳо ба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҲ, Системаи оператсионии UNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт. Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҲ бо ARPAnet ба миён омад. Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд. Дар охири солҳои 80 NSF панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кўшиши барои ташкили алоқа истифода бурдани ARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рў ба рў шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSF дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kӣps доштанд. Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.Соли 1987 қарордод дар бораи истифодабарӣ ва рушди шабака ба ширкати Merit'Network Inc дода шуд. Ширкати мазкур якҷоя бо ширкатҳои IӢM ва MCI бо шабакаи таълимии Мичиган машғул буд. Шабакаи ҷисман кўҳнашуда бо хатҳои телефонии нисбатан наву зудфаъолият (тахминан 20 маротиба пурқувват) иваз карда шуд. Компютерҳои идоракунанда ҳам нав карда шуд. Талаботи истифодабарандагони Интернет рўз ба рўз зиёд шудан мегирифт. Аксари мактабҳои олии ИМА, Аврупои Ғарбӣ аллакай бо Интернет пайваст буданд ва кўшиш мекарданд, ки мактабҳои миёнаро ҳам ба ин шабака пайванданд. Истифодабарандагони шабакаи Интернет бартариҳои онро ба хубӣ дарк карда буданд. Ҳамаи ҳамин чизҳо ба бебозгашт Рушд кардани шабака ва рушди технологияҳо ва системаҳо оварда расонд.

Поделиться в соцсетях

Facebook Twitter Google+ Vkontakte Odnoklassniki

Комментариев нет:

Отправить комментарий